26 Июл 2020 - 12:26
Охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон; беҳбудии беш аз 253 000 нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2000 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 ва беҳбудии беш аз 253 000 нафар дар кишвар хабар дод.

ABNA24: Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар элом кард:

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 333 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 282 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 291 172 нафар расидааст. Лорӣ ҳамчунин афзуд: Дар тӯли 24 соати гузашта 216 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд. Маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 15 700 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 253 213 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

342/